ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳнамо мегӯяд, интихоби Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шахсияти Рустами Эмомалиро ҳам ба маънои ҳуқуқӣ ва ҳам ба маънои амалӣ дар мақоми чеҳраи сиёсӣ ва бахше аз ҳастаи олии сиёсию идории мамлакат қарор дод.
“Зеро ҳам аз назари мақоми конститутсионии ин вазифа, ҳамчун “мақоми дуюми сиёсии кишвар” ва ҳам аз назари нақши функсионалии ин мақом, ҳамчун “роҳбари ҳокимияти қонунгузори мамлакат”, дар низоми давлатдории муосири Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллӣ ба маънои томаш шахсияти давлатӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад”, - навиштааст сиёсатшинос дар мақолааш дар нашрияи “Садои мардум”.
Хотирҷамъии сиёсатмадорону сармоягузорон
Ӯ дар шарҳи аҳамият ва моҳияти интихоби Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки дар шароити устувории низоми сиёсӣ аз сиёсатмадор то сармоягузор ва аз соҳибкор то паймонкор эҳсоси эътимод намуда, ба ин восита, барои таваҷҷуҳи хотирҷамъона ба рушди кишвар ва некуаҳволии ҷомеа, ки масъалаи асосии замон аст, фурсат ва неруи фаровон фароҳам мешавад.
Раҳнамо аҳамияти дигари интихоби Рустами Эмомалиро таъмин намудани пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ дар раванди таърихию сиёсии кишвар хондаст.
“Ин мафҳум басе васеътар аз масъалаи механикии “интиқоли қудрат” мебошад, ки бештари таҳлилгарони сатҳӣ ба он таваҷҷуҳ намудаанд. Зеро мафҳуми пайванду интиқоли солими наслҳои сиёсӣ танҳо ҳолати ҳуқуқӣ ва биологии вогузории масъулияти идоракунии ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба насли табиии дигар набуда, балки, пеш аз ҳама, ба маънои таъмини фарогирӣ ва ҳузури насли ҷавони миллат дар раванди муосири сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини неру ва рӯҳияи рушдёбанда барои тақвияту шодобии низоми сиёсӣ ва дар ниҳоят, ташаккули таҷрибаи мудирият ва мавқеи устувори давлатдорона дар ин насл мебошад. Дар чунин назария насли ҷавони оянда на “пас аз насли имрӯз”, ё на “ба ҷойи насли имрӯз”, балки маҳз “дар канори насли имрӯз” қарор мегирад, то пайванди солими фикрию сиёсӣ таъмин гардад”, - тавзеҳ додаст Раҳнамо.
Идомаи мактаб ва пайванди хешутаборӣ
Сиёсатшинос илова намудааст, ки аҳамияти сеюм ва басе муҳимтари интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ таъмини идомаи солими мактаби сиёсист. Яъне, насли ҷавоне, ки дар ин марҳила вориди раванди сиёсӣ мешавад, на танҳо ҳамчун ҳаҷми азими неру ва насли солими ояндасоз, балки маҳз ҳамчун парвардаву идомадиҳандаи мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон аҳамияти махсус дорад, шарҳ дод ӯ.
Раҳнамо дар мавриди пайванди табории Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “албатта, зимни анҷоми чунин рисолати таърихӣ, пайванди таборӣ бо Пешвои миллат омили тақвиятиест, ки аз як тараф, садоқати комили ин сиёсатмадори ҷавон ба мактаби сиёсии давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро таъмин кунад ва аз тарафи дигар, дастрасии мустақим ба ин хазинаи бузурги таҷриба ва хиради сиёсиро фароҳам оварда, имкони фарогирии бевоситаи сифатҳои инсонӣ ва сиёсии ӯро муҳайё месозад”.
Коҳиши таҳдидҳои дохилию хориҷӣ ба низоми сиёсӣ
Абудллоҳ Раҳнамо дар интиҳои матлаб изҳо доштааст, ки бинобар мақоми ҳуқуқӣ ва ҷойгоҳи сиёсии вазифаи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар низоми сиёсии кишвар, интихоби Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа як силсила масъала ва нигаронии сиёсиро ба сатҳи дуюм бурда, шахсияти ӯро ҳамчун рамзи пайванд ва кафолати заруратҳои ҳаётие чун таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ, мудовимати солими наслҳои сиёсӣ, идомаи солими мактаби давлатдории миллӣ ва рушди устувори кишвар ба омили эътимодбахшу суботофари сиёсӣ табдил медиҳад.
“Чунин эътимодбахшии вазъият сатҳи чолишҳо ва таҳдидҳои сохтории дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми сиёсиро коҳиш дода, барои таъмини ояндаи қобили пешбинии раванди сиёсӣ ва рушди устувори кишвар дар марҳилаи навин заминаи пойдор фароҳам месозад. Ин аст моҳияти сиёсии ин интихоб ва ин аст фаҳмиши банда аз аҳамияти давлатию сиёсии он”, - таъкид кард сиёсатшинос.