ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи ба фурӯш гузоштани гӯшти куҳнашуда аз ҷониби Илҳом Ориповро дар вақти гузаронидани корҳои санҷишӣ, нозирони минтақавии милитсия ва кормандони прокуратураи Хуҷанд ошкор намудаанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, арзиши умумии он 3870 сомонӣ буда, тибқи хулосаи Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд ин маҳсулоти гӯштӣ, аслан ба талаботи бехатарии истеъмолкунандагон ҷавобгуй набуда, балки аз ҷиҳати сифатнокӣ ба саломатии инсон хатарзо мебошад.
Аз рӯи фарзияҳои мақомот маҳсулоти муҳлатгузашта коркард шуда, онро соҳибкор дар намудани қимма ба яхдонҳо ҷо намуда ба фурӯш гузоштан мехостааст. Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса, нисбати соҳибкор Орипов Илҳомҷон Иброҳимович, соли таваллудша 1987 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи талаботи 209 и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда ва тафтиши ин қазияро прокуратураи Хуҷанд пеш мебарад.
Бемории ангалӣ: чаро истеъмоли дил, гурда, ҷигар ва шуши ҳайвонҳоро манъ карданд?
Ин дар ҳолест, ки як моҳ пештар Пӯлотов Азизҷон ва Тоҷибоев Абдухолиқ ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ба фурӯш гузоштани беш аз 2 тон гӯшти кирмзадаи чорвои калони шохдор аз сӯи мақомоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Суғд дастгир шуда буданд.
Котиби матбуотии РВКД дар Суғд даъват мекунад, ки шаҳрвандон дар вақти хариди маҳсулоти ғизоӣ ба муҳлати он эътибор диҳанд ва ҳамчун истеъмолкунанда ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд.