ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон тими “Равшан” пас аз пирӯзӣ дар даври чоруми мусобиқаи лигаи аввали футболи кишвар бо дастрасии 12 имтиёз пешсаф аст
Ба иттилои манбаъ, тими "Равшан" дар даври чорум дастаи “Шоҳмансур”-и Душанберо бо ҳисоби калон 8:3 дар меҳмонӣ шикаст дод.
Манбаъ мегӯяд, “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:4 дар меҳмонӣ аз "Панҷшер"-и Ҷалолиддини Балхӣ шикаст хӯрд бо 9 имтиёз дар ҷойи дуввум нишаст.
Дар ҷойи сеюми ҷадвал бошад, "Исфара"-и Исфара пас аз пирӯзӣ бар "Ҳосилот"-и Фархор (2:1), бо 9 имтиёз дар ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
ФФТ мегӯяд, дар бозиҳои дигари даври чоруми Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дастаи "Моҳир"-и Ёвон дар меҳмонӣ “Ҳулбук”-и Восеъро бо ҳисоби 4:2, "Ваҳдат"-и Ваҳдатр дар майдони худ "Барқчӣ"-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:2 ва тими "Равшан"-и Зафаробод дар мизбонӣ"Саройкамар"-и Панҷро бо ҳисоби 2:0 шикаст доданд.
Футбол: рӯзҳои бозии муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон муайян шуд
Гуфта мешавад, бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 21-ум ва 22-уми июл доир мешавад, ки бози марказии он дидори "Равшан"-и Кӯлоб ва "Исфара" мебошад.
Ҳамчунин дар ин давр "Барқчӣ" бо "Шоҳмансур", "Эсхата" бо "Равшан" (Зафаробод), "Моҳир" бо "Ваҳдат" ва "Саройкамар" бо "Ҳулбук" рақобат хоҳанд кард.