Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фавти 70 маризи коронавирус дар як рӯз: омори даҳшатбор дар Қирғизистон

© AP / Esteban FelixГробы с умершими от заражения вирусом
Гробы с умершими от заражения вирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қирғизистон шумораи сироятёфтагон ва қурбониёни маризии коронавирус ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. Дар маҷмӯъ теъдоди мубталоёни COVID - 19 ба 26 532 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар дасти кам 70 маризи коронавирус фавтиданд.

Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Ҳоҷӣ Равшанбек, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба коронавирус гирифтор шуд

Ҳолати бештари фавт ба маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Бишкек рост омадааст.

Фавти 11 маризи коронавирус дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз

Манбаъ меафзояд, дар Бишкек давоми як шабонарӯз 35 бемор ҷон аз даст доданд. Аз ҳама кам ҳолати фавт дар Ош ба қайд гирифта шудааст, ҳамагӣ 2 нафар.

Ба ҳамин минвол, теъдоди умумии қурбониёни маризии коронавирус дар Қирғизистон ба 1003 нафар баробар шудааст. Гузашта аз ин, аз замони хуруҷи ин беморӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 26 532 нафар мубтало гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0