ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Равшанбек Собиров, раиси Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи "Рӯдакӣ", гирифтори коронавирус шудааст.
Дар ин бора дар Фейсбук Қодиршоҳи Мурувват, адиби тоҷики муқими Бишкек хабар дод.
Вай афзуд, ки қаблан Ҳоҷӣ Равшанбек аз ҳисоби маблағи шахсии худ як миллион соми қирғизиро барои мубориза ба вируси корона ва барои ёрӣ ба ҳамзабонони ниёзманд равона карданд.
“Ин шабу рӯз ҳамаи тоҷикони Қирғизистон даст ба дуо бардошта ва аз Яздони пок таманно доранд, ки ин ҷавонмарди сахӣ ва дӯстдори миллатро ҳар чӣ зудтар аз бистари беморӣ раҳо созад”, - гуфт Қодиршоҳи Мурувват.
Равшанбек Собиров 50 сол дорад. Ӯ соли 1970 дар деҳаи Ҷонӣ-Ариқи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз соли 2007 роҳбарии Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакиро бар ӯҳда дорад. Равшанбек Собиров солҳои 2011-2012 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон буд.
Вай барои ҳифзи забони форсии тоҷикӣ, таъмини ниёзи мадориси тоҷикии Қирғизистон бо китобҳои дарсӣ ва кӯмак ба тоҷикони муқими ин кишвар заҳамоти зиёде ба харҷ медиҳад.