Ғарқшудаҳо дар Душанбе ва ВМКБ: ҷасади ду тан пайдо шуду ҷустуҷӯи дигаре идома дорад

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин ду тан рӯзи 4 июл дар дарёи Шоҳдара ғарқ шуда буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади ҷавони 22-сола дар ВМКБ ва як марди шахсияташ номаълум дар Душанбе хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе аз дарёфти як ҷасади марди ношинос дар соҳили дарёи Душанбе ва ҷавони 22-сола дар ВМКБ хабар дод.

Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон
Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст

Дарёфти ҷасад дар Душанбе

Тибқи иттилои раёсат рӯзи 17-уми июли соли равон, тахминан соати 14:00 дақиқа намояндаи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҷасаде дар соҳили дарёи Душанбе, шафати кӯчаи Қаҳҳоров намоён шудааст.

Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе соати 14:21 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, соати 14:43 дақиқа ҷасади шахсияташ номаълуми ба тахмин 40-45 соларо аз соҳили дарёи Душанбе бароварда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Ҷасади як ҷавон пайдо шуду ҷустуҷӯи ҷасади дигаре идома дорад

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ рӯзи 17-уми июл аз ғарқи оби дарёи Шоҳдара шудани ду сокини ноҳияи Роштқалъа хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Парзудчӣ аз 800 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Гуфта мешавад, ки ӯ ва ноболиғи 12-сола, сокини ҳамин деҳа рӯзи 4-уми июл ғарқ шуда буданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дорад.

Ғарқшавии ду тан дар дарёи Шоҳдараи ВМКБ : ҷасадҳо то ҳол пайдо нашудааст

Ба гуфти КҲФ, сабаби марги ин ду тан беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ номида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0