ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ду сокини деҳаи Парзудчии ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Шоҳдара ғарқ шудаанд.
Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар додаанд, ки яке аз ин ду нафар 22 ва дуюмӣ ҳамагӣ 12 сол доштааст,ки бе раҳнамоии пайвандонаш оббозӣ мекардааст.
Марги кӯдаки 3-сола ва захмӣ шудани навраси дигар дар Мурғоб: зери девор монданд
"Сабаби марги ин ду нафар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ аст", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки барои пайдо кардани ҷасадҳои шаҳрвандони зикргаршуда дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Хоруғ равон карда шуда, то соати 23:30 ҷустуҷӯ идома дошт, вале натиҷа ҳосил нашуд.
Ҳоло кормандони Раёсат якҷо бо сокинон ва хешовандони ғарқшудаҳо ба ҷустуҷӯ идома медиҳанд.