Омори ҷаҳонии коронавирус: 240 ҳазор гирифтор дар як рӯз - 5 ҳазор қурбонӣ

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкИспытание вакцины от коронавируса в военном госпитале имени Бурденко в Москве
Испытание вакцины от коронавируса в военном госпитале имени Бурденко в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То имрӯз дар тамоми ҷаҳон бештар аз 8 миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтанд. Феълан КОВИД - 19 дар 210 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. То имрӯз шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 14 миллион нафар шуда, тақрибан 600 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва зиёда аз 8,4 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд. Дар ин бора "Ховар" дар истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориш медиҳад.

Вакцина от COVID-19 во время тестирования в исследовательском центре вакцин - Sputnik Тоҷикистон
Донишмандони эронӣ дар тавлиди ваксинаи коронавирус пешрафт карданд
Тибқи маълумоти охир, давоми шабонарӯзи гузашта 240 403 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 555 нафар сироятшудагон фавтидаанд.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон ба 14 194 140 нафар ва теъдоди фавтидагон ба 599 416 кас расидааст.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 8 470 275 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 770 012 нафар), Бразилия (2 048 697), Ҳиндустон (1 040 457), Русия (759 203), Перу (345 537), Африқои Ҷанубӣ (337 594), Мексика (331 298), Чили (326 539), Испания (307 335) ва Британияи Кабир (293 239) дохил мешаванд.

Муовини сарвазир дар Файзобод: таъсис гурӯҳи корӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0