Донишмандони эронӣ дар тавлиди ваксинаи коронавирус пешрафт карданд

© AP / Sakchai LalitВакцина от COVID-19 во время тестирования в исследовательском центре вакцин
Вакцина от COVID-19 во время тестирования в исследовательском центре вакцин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири беҳдошти Эрон аз пешрафтҳои чанд тими таҳқиқотии эронӣ дар тавлиди ваксинаи бемории коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Саид Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо ишора ба фаъолияти 57 гурӯҳи таҳқиқотӣ барои тавлиди доруи бемории Ковид -19 афзуд, дар таҳқиқоти ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои бисёр фаъол ҳузур дорад ва бо теъдоди бисёр болое аз маворид ва натоиҷи таҳқиқотӣ мушорикат мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
 "Вектор" санаи оғози озмоишҳои клиникии ваксина аз COVID-19-ро гуфт

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, хушбахтона дар моделҳои ҳайвонӣ натоиҷи хубе ҳосил шудааст ва ба зудӣ ваксинаи тавлидии муҳаққиқони эронӣ рӯйи инсон ҳам имтиҳон хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Русия эълон карда буд, ки аввалин содироти маводи зидди вируси корона, ки дар ин кишвар истеҳсол шудааст, дастрас гардид.

Номи доруи мазкур "Авифавир" мебошад, ки аз ҷониби Фонди маблағгузориҳои бевоситаи Русия ва Маркази технологияи олии "ХимРар" истеҳсол гардидааст.

Маводи мазкурро Вазорати тандурустии кишвар иҷозат додааст. Феълан содироти онро Русия ба Белорус ба роҳ мондааст.

Таъкид мешавад, ки дигар кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил низ ба ин маводи Русия ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Ёдрас мешавем, ки дар охирҳои моҳи май "Авифавир" - маводи зидди вируси коронаро Вазорати тандурустии Русия тасдиқ кард. Он аввалин маводе буд, ки дар Русия коркард гардида, зидди инфексия равона шудааст.

Ташхисҳо нишон доданд, ки маводи мазкур ба паҳн шудани коронавирус дар бадани инсон монеа мешаванд. Баробари ин, мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти маводи зидди коронавирус ва ваксина омода ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0