ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Сокин Калкамонов, муовини устондори минтақаи Туркистони Қазоқистон аз даргузашти Қосим-Ойтим Ҳамбетов, муовини авввали ин минтақа хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, Сокин Калкамонов дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштаст, ки Қосим-Ойтим Ҳамбетов, муовини аввали устондори минтақаи Туркистони Қазоқистон шаби гузашта дар синни 57-солагӣ даргузашт.
“Таслияти самимонаи худро ба хонавода ва азизони марҳум иброз мекунам”, навишт ӯ.
Шумораи шаҳрвандони дар марзи Қазоқистон дармондаи Тоҷикистон бештар мешаванд
Асит Исо Кешов, дабири Шӯрои амнияти Қазоқистон ба навбати худ, дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки муовини устондори минтақаи Туркистони ин кишвар, бар асари коронавирус фавт кардааст.