ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Рӯзи 13 июл дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни коронавирус мотами миллӣ эълон карда шуд.
Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни як муроҷиатнома ба мардум изҳор дошт.
“Мутаассифона, ин беморӣ ҳаёти сокинони Қазоқистонро гирифта истодааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ садҳо оила мотам дорад. Касе падар, модар, бародар, хоҳар, писар ё духтарро аз даст додааст. Ман ба хонаводаҳои ҳалокшудагон тасаллият изҳор мекунам. Ин фоҷиаи умумӣ барои ҳамаи мост. Аз ин рӯ, ман тасмим гирифтам, ки 13 июлро ҳамчун рӯзи мотами миллӣ эълон кунам ”,- гуфт Тоқаев.
Роҳбари Қазоқистон хатогиҳои сохтори роҳбарияти пешини Вазорати тандурустиро яке аз сабабҳои афзоиши бемории коронавирус номид.
Тоқаев илова намуд, ки айни замон дар Қазоқистон нишонаҳои аввалини мӯътадилшавии вазъи эпидемиологӣ ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, вай эълон кард, ки дар тамоми ҷумҳурӣ карантини дуҳафтаина ҷорӣ карда мешавад.
"Дар ҳоли ҳозир, нишонаҳои аввалини мӯътадилшавии вазъ пайдо шуданд. Аммо, албатта, роҳат шудан ҳануз барвақт аст. Ҳафтаҳои ояндаи муборизаи мо бар зидди пандемия ҳалкунанда хоҳанд буд", - таъкид кард раҳбари Қазоқистон.
Бино бар пояи омори ахир, дар пайи гирифторӣ ба коронавирус 280 нафар шаҳрвандони ин кишвар ҳалок шуданд.
Теъдоди умумии гирифторон беш аз 51 ҳазор нафар шудааст.