ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Дар назар аст дар деҳотҷойҳои Тоҷикистон манзилҳои ду ва сеошёнаи истиқоматӣ бунёд шаванд. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Феълан лоиҳаҳои мазкур дар баррасии Раёсати экспертизаи давлатӣ қарор доранд, афзуд раиси кумита.
Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, дар мувофиқасозӣ қарор дорад. Лоиҳаи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии маркази 63 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд
Таъкид гардид, ки мутахассисони Кумита иҷрои банди 23-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 январи соли 2014 таҳти назорати доимӣ қарор дода, дар давраи ҳисоботӣ сохтмони 29 иншооти бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, 8 иншооти бе лоиҳаи корӣ ва 10 иншооти бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оғозгардидаро ошкор карда, шахсони ба қонунвайронкунӣ роҳ дода ба маблағи 28646,0 сомонӣ ҷарима шуданд.