Амонатбонк гуфт бо чанд корхонаи ватанӣ ва бонкҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

© Sputnik Отделение банка "Амонатбонк"
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амонатбонк таъкид намудааст, ки бо беш аз ҳафт ҳазор корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва бо 16 бонки хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Амонатбонк, дар маҷмӯъ бонк бо 7 663 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар дохили кишвар тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон
Раиси “Амонатбонк” дар бораи имтиёзҳо ба қарздорон ва хатарҳои бонкӣ – мусоҳиба

Манбаъ таъкид доштааст, ки шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 505 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки имрӯзҳо Амонатбонк бо 16 бонкҳои хориҷӣ бо истифода аз 43 суратҳисобҳои корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.

Бонк зикр намудааст, ки дар натиҷа гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 277,3 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд аст.

Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 3,9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 дарсад зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0