ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, теъдоди гирифторони COVID-19 аз 30 апрел то 15 июл ба 6 ҳазору 695 нафар расид.
Манбаъ афзуд, ки то имрӯз дар мамлакат 5ҳазору 383 нафар ё худ 80,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 56 нафар фавтидаанд.
"Шабонарӯзи охир 179 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 51 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд"-омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.