ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, як пизишки 60 - сола аз ҷануби Тоҷикистон тасмим гирифт, пулҳое, ки солҳо барои рафтан ба ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буд, сарфи мубориза бо вируси корона кунад.
Ширин Назирмадова, як пизишк аз ҷануби Тоҷикистон, ки солҳо барои рафтан ба ҳаҷ пул пасандоз карда буд, пас аз шунидани лағв шудани маросими ҳаҷ барои зоирони байналмилалӣ дар соли ҷорӣ тавассути Арабистони Саудӣ, тасмим гирифт пасандози худро барои мубориза бо вируси корона эҳдо кунад.
Ин пизишки тоҷик бо маоши моҳонаи 150 доллар, солҳо заҳмат кашида буд то 3 ҳазору 700 доллар ҳазинаи сафари ҳаҷро пасандоз кунад.
Пизишки 60 - сола эълом кард, ба ҷойи ин ки як соли дигар дар интизори ҳаҷ бимонад, пули пасандозро ба бемористони маҳаллии минтақаи Фархор эҳдо кунад то битавонанд васоили мавриди ниёз барои мубориза бо шуюъи коронаро харидорӣ кунанд.
Ин бемористони рустоӣ барои хариди таҷҳизоти муҳофизи шахсӣ ва моск барои кормандон ва ҳамчунин доруҳои зиддиуфуникунанда аз ин пул истифода кардааст.