ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Раҷабзода Мирзоалӣ, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 199 нафар гирифтори бемории илтиҳоби шуш дар беморхонаҳои вилоят ва 29 нафар дар хона, ки таҳти табобати амбулаторӣ қарор дошанд, фавтидаанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.
Вай афзуд, дар шуъбаҳои бистарикунонӣ 2 ҳазору 420 нафар бистарӣ шуда буданд, ки 2 ҳазору 174 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамзамон вай таъкид доштааст, ки то субҳи рӯзи 15-уми июли соли равон 47 нафар дар беморхонаҳои вилоятӣ бистарӣ мебошанд.
“Ҳамчунин, дар муассисаҳои КАТС тариқи амбулаторӣ аз аввали пайдоиши бемории сироятӣ, 3 ҳазору 469 нафар бо ташхиси илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, аз он 3 ҳазору 147 нафар, яъне 90,7 дарсад, шифо ёфтаанд. Айни замон 293 нафар бемор дар ҳолати амбулаторӣ таҳти назорати табибон қарор доранд”, — илова кард Раҷабзода Мирзоалӣ.
Аз шумораи умумии гирифторони бемории илтиҳоби шуш баъди таҳлили лабораторӣ ташхиси COVID-19 дар 717 нафар мусбӣ буд, ки аз ин шумор 15 нафар фавтидаанд.
Раҷабзода Мирзоалӣ зикр кард, ки аз кормандони соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 358 нафар бо бемории илтиҳоби шуш гирифтор шуданд, ки аз он табибон 162 нафар, ҳамшираҳои тиббӣ 159 нафар, кормандони хурд 31 нафар ва шаш нафари дигар кормандони техникӣ мебошанд.
“То имрӯз 26 нафар корманди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ки аз он 14 нафар табиб, 8 нафар корманди миёнаи тиб, 2-и дигар кормандони хурд мебошанд”, — илова кард ӯ.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ, Диловар Исозода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки 20 нафар корманди соҳаи моариф аз бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ки аксари онҳо омӯзгор буданд.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки айни замон дар вилояти Хатлон вазъи гирифторшавиии сокинон ба бемории илтиҳоби шуш ва каронавирус коҳиш ёфтааст.