Ҷазои ҷавони 20-сола барои бадахлоқӣ сӯи роҳгузарон

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе шахсияти ҷавонеро, ки нисбати роҳгузарон дар пойтахт ҳаракатҳои бадахлоқона кардааст, муайян намуд

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Бар асоси наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ҷавоне тахминан 20 – 25-сола ба сӯи роҳгузарон ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медод.

Панорама города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи қарори раиси Душанбе барои тағйири сарҳади навоҳии пойтахт

Маъмурини милиса дар пайи таҳқиқ муайян кардаанд, ин нафар шаҳрванд Хумаров Сиёвуш Акбаралиевич, сокини 20-солаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки муваққатан дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон истиқомат дорад. Манбаъ афзуд, ки ин ҷавон дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳар гуна бозичаҳои кӯдаконаву пахтақанд машғул будааст.

“Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 14-уми июл, тахминан соати 5:40 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ зимни қарор доштан дар кӯчаи К.Хуҷандӣ баъди пешоб кардан ба сӯи роҳгузарон ҳаракатҳои ғайриахлоқона намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои РВУД Душанбе, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Хумаров Сиёвуш барои содир намудани кирдори ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0