Шарҳи Шӯрои уламо дар бораи никоҳу талоқ тавассути телефон

© © SputnikЧеловек пишет СМС о разводе
Человек пишет СМС о разводе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани спирт барои пешгирӣ аз бемории коронавирус, посух гуфтааст

ДУШАНБЕ, 8  июн — Sputnik.  Алӣ як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар суол кардааст, ки бо телефон никоҳ дуруст мешавад ё на ва пас аз ин никоҳ агар талоқ диҳад, талоқ ҳисоб мешавад?

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Бозорҳову тарабхонаҳо кушода мешаванд: гаштугузор танҳо бо ниқоб ва риояи фосила

Ба таъкиди ин ниҳоди динии кишвар, дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд.

Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, талоқ додан пас аз чунин никоҳ низ эътибор надорад.

Қаблан торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳукми никоҳ кардан тавассути телефонро аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, онро яке аз масоили ихтилофӣ миёни уламо хонда буд.

Ба навиштаи ин торнома “Баъзе аз олимони исломӣ никоҳ кардан бо телефонро раво намедонанд" ва никоҳ кардан тавассути телефон яке аз масъалаҳоест, ки уламои исломӣ дар бораи он ихтилофи назар доранд.

 

Лентаи хабарҳо
0