ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зани 43-солеро дар Хуҷанд ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардааст. Дар ин бора вебгоҳи вазорати мазкур хабар медиҳад.
"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ин зан санаи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа дар кӯчаи Ленини шаҳри мазкур марди 38-солаи сокини шаҳраки Ғафуров ва зани 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзро барои муносибатҳои маҳрамона шинос намуда, аз онҳо ҳақи хизмат 200-сомони муқофотпулӣ гирифтааст.
Боздошти марди 33 - сола барои ташкили фоҳишахона: аз муштариёни худ 150 сомонӣ мегирифт
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Тафтишоти қазия идома дорад.