Хонаи иҷорагирифта ба фоҳишахона табдил ёфт: боздошти ҷавони 24-сола дар пойтахт

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи Тоҷикистон ҷавони 24-соларо барои ташкили фоҳишахона дар хонаи иҷорагирифта, боздошт намуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст , кормандони милитсияи пойтахт ҳангоми як амалиёти махсус ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марди 33 - сола барои ташкили фоҳишахона: аз муштариёни худ 150 сомонӣ мегирифт

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, хонаи ба иҷорагирифтаашро, дар кӯчаи Н.Махсум ба фоҳишахона табдил додаааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки номбурда санаи 29-уми майи соли равон, барои алоқаи ҷинсӣ намудан хонаи ба иҷорагирифтааашро ба марди 29-сола ва зани 31-солаи сокинони шаҳри Душанбе додааст.

Гуфта шудааст, ки номбурда барои онҳо дар ин хонаи ба иҷорагирифта тамоми шароитро фароҳам оварда, аз онҳо барои ин кораш 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи пойтахт аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0