ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Лолахон Файззода, сардори Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ вилояти Суғд дар посух ба суоли рӯзноманигорон гуфт, дар зарфи шаш моҳи гузашта 2019 мавриди бекоркунии ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли қабл 221 кам будааст.
“Яке аз сабабҳои асосии камшавии бекоркунии ақди никоҳи оилаҳоро аз хуруҷи бемории COVID – 19 ҳам гуем мешавад, чунки дар ин давра муроҷиат ба бекоркуни ақди никоҳ камтар буд. Аз тарафи дигар мо имрӯз дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо оиди ин масъала корбарӣ дорем, ки албатта натиҷаи хуб додаистодааст”,- таъкид намуд Файззода.
Дар ин давра 1922 ҳолати бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2019, 221 ҳолат кам гуфта мешавад.
Коронавирус таъсир кард: дар Дубай издивоҷ ва талоқ мамнӯъ шуд
Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд мегуяд, 1251 ҳолат аз шумори умумии бекоршавии ақди никоҳҳо ба қарори суди шаҳру ноҳияҳо сурат гирифтааст.