ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз 13 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, давоми шаш моҳ 41 нафар маҳбус фавтидаас.
Ба иттилои манбаъм, дар муассисаҳои ислоҳӣ 213 нафар маҳкумшудагон гирифтори Вируси норасоии масунияти одам, 85 нафар гирифтори сил ва 244 нафар нашъамандон мебошанд.
Номбурда гуфт, дар муассисаҳо 98 нафар бо ташхиси илтихоби шадиди шушҳо ба қайт гирифта шуданд
“Дар натичаи ин бемориҳо 41 нафар дар нимсолаи аввал фавтиданд аз ин 11 нафар бо бемории илтиҳоби шадиди шушмебошад”,- гуфт вазири адлия
Ашуриён Музаффар гуфт, бо қарори Стоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дидору мулоқот бо маҳбусон манъ шудааст.
Номбурда гуфт, ин кор то муътадил шудани вазъ идома мекунад, аммо дар масъалаи қабули хурокҳо ягон мамониат нест
“Тасаввур кунед, агар пас аз вохурӣ як маҳкумшуда ба ин беморӣ гирифтор шавад, дар дохили муассиса метавонад чи қадар дигаронро гирифтор намояд”,- гуфт Ашуриён Музаффар