Расонаҳо: то ду моҳ дар Тоҷикистон зиндони махсуси террористҳо ифтитоҳ мешавад

© PixabayТюремная вышка, архивное фото
Тюремная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон 19 марказ дар ихтиёри Созмони зиндонҳои ин кишвар қарор дорад, ки 13 макон барои гузарондани давраи маҳкумият ва шаш марказ низ боздоштгоҳҳои муваққат мебошанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон ифтитоҳи як зиндони махсусро барои нигаҳдории аъзои гурӯҳҳои террористии маҳкумшуда то ду моҳи дигар хабар додааст.

Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Ишқи ноком: ҷузъиёти қатли ошиқ ва ҳукми зиндони падари Дилафрӯз
Ба гузориши "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳо, Мансурҷон Умаров гуфта аст, ки зиндони ҷадид дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат дар 20 километрии шарқи шаҳри Душанбе дар ҳоли сохт асту то ду моҳи дигар  ифтитоҳ хоҳад шуд . 

Вай таъкид кардааст, ки пас аз ифтитоҳи ин зиндон тамоми  аъзои  гурӯҳҳои террористии маҳкум шуда ба ин макон  мунтақил хоҳанд шуд ва амалан зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе тахлия мешавад .

Ба гуфтаи Раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон  зиндони вижа  нигаҳдории аъзоии гурӯҳҳои террористии маҳкумшуда бар асоси стандартҳои байналмилалӣ бо ҳамкории ин ниҳод бо созмонҳои хориҷӣ тарроҳӣ шуда ва дар ҳоли такмил шудан аст.

Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Дар Тоҷикистон  19 марказ дар ихтиёри Созмони зиндонҳои ин кишвар қарор дорад,  ки 13 макон барои гузарондани давраи маҳкумият ва шаш марказ низ боздоштгоҳҳои муваққат мебошанд .

Лентаи хабарҳо
0