ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бахтигул Карриева аз сабук гардидани маҳдудиятҳо, ки қаблан ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, изҳори нигаронӣ кард.
"Бисёре аз мардум дар хона нишастан хаста шуданд ва аксар кишварҳо ба таври возеҳ мекӯшанд, ки иқтисодиётро кушоянд. Аммо вирус ҳанӯз ҳам паҳн шуда истодааст ва он то ҳол марговар аст. Бештари мардум ҳанӯз ҳам зери хатар қарор доранд", - афзуд Карриева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай таъкид кард, то замоне, ки олимон аз пайи ихтироъ кардани ваксин алайҳи ин маризӣ қарор доранд, одамон бояд худ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то андозае пеши роҳи ин бемориро бигиранд.
Намояндаи СҶБ гуфт, роҳи ягонае, ки алъон дар мубориза бо коронавирус маҷвуд аст, ин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва тамиз будани ҳолати санитарии одамон мебошад.
Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз
Ба изҳори ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ авохири моҳи май ва авоили моҳи июн ба авҷи қуллаи баландтарини ин маризӣ расиданд. Барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин маризӣ маҳдудиятҳо аз қабили баста намудани роҳҳои автомобилгард байни шаҳру навоҳӣ, муттаваққиф намудани фаъолияти мактабу корхонаҳо, манъи баргузории тӯй ва чорабиниҳои фароғатӣ, ҷорӣ гардида буд.
Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъ ин маҳдудиятҳо то андозае сабук шуданд, гарчанде вирус комилан аз байн нарафт ва хатари он то ҳол мавҷуд аст, - таъкид намуд намояндаи СҶБ.
Вазъ мушкилтар шуд: коронавирус дар Ӯзбекистон дубора авҷ гирифт
Карриева гуфт, Тоҷикистон ба фарқ аз Қирғизистону Қазоқистон ва инчунин Ӯзбекистон ин маҳдудиятҳоро бо гузашти 65 рӯз сабуктар кард, аммо дар кишварҳои зикргардида маҳдудиятҳо барвақттар лағв шуданд ва вазъият дар робита ба паҳншавии вирус боз ваҳимтар шуд.
Намояндаи СҶБ илова намуд, ки то ҳол табобати мушаххас аз маризии коронавирус мавҷуд нест, аммо рӯйхати як қатор доруҳо вуҷуд дорад, ки ҳангоми табобат васеъ истифода буда мешаванд.