Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Аз 6500 гузашт: омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в защитных масках на улице Душанбе
Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 30 апрел то 12 июл дар Тоҷикистон шумораи гирифторони COVID-19 ба 6552 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун 5228 кас ё худ 79,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз 30 апрел то 12 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6552 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5228 нафар ё худ 79,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд.

"Давоми шабонарӯзи охир 190 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0