Бунёди муҳташамтарин бинои сиёсӣ дар 2,7 гектар: Президент ба сохмони он оғоз бахшид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоҳати умумии Майдони «Истиқлол» 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Дар Душанбе дар майдони "Истиқлол"  дар масоҳати 2,7 гектар муҳташамтарин бино барои баргузории чорабиниҳои сиёсӣ бунёд мешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 10 июл ба бунёди майдони ""Истиқлол" оғоз бахшидааст.

Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали осматривают новый бульвар в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ба Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" санги асос гузошт

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур гузориш медиҳад, масоҳати умумии Майдони "Истиқлол" 30 гектарро ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ мебошад.

"Дар ин ҷо майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад", - менависад котиботи раисҷумҳур.

"Ин иншооти муҳташам аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

"Истиқлол ва Озодӣ": Хадамоти матбуотии раисҷумҳур озмун эълон мекунад

Майдони "Истиқлол" бо маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0