Раисҷумҳур ба Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" санги асос гузошт

© пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон и Рустам Эмомали осматривают новый бульвар в Душанбе
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали осматривают новый бульвар в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Имрӯз, 13 апрел раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт дар боғи Сангини шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мавзеи бунёди ангоравии Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" боздид ба амал оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Масоҳати умумии боғи Сангин, ки дар он Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" сохта мешавад, 8,5 гектарро ташкил медиҳад. Барои зебову назаррабо гардондани атроф, гулгаштҳо ва роҳравҳои назди Маҷмаа дарахтони гуногуни сояафкану ороишии ҳамешасабз шинонида шудаанд.

"Раисҷумҳур зимни боздид аз мавзеи сохтмони Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" изҳор дошт, ки иншооти нав бояд бо санъати баланди меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд карда шавад. Зеро он дар оянда ба макони таърихӣ, зебову дилфиреб ва сайру гашти сокинону меҳмонони пойтахт табдил хоҳад ёфт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Маҷмааи "Истиқлол ва Озодӣ" дар пойтахт ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0