Раисҷумҳури Афғонистон аз тамоми кишварҳои минтақа ба ҷуз Тоҷикистон изҳори сипос кард

© AP Photo/Dan Kitwood/PooПрезидент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Афғонистон аз Эрон ва чанд кишвари минтақа ба далели бознигаҳ доштани марзҳои транзитии худ, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ашраф  Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар маросими ифтитоҳи нишасти машваратии кишварҳои минтақа ва ҳамсоя, ки ба сурати видео-конференсия дар Кобул баргузор шуд, аз кишварҳои минтақа ба вижа Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳинд ва Туркия ки марзҳои тиҷории худро барои транзиту вуруди коло ба Афғонистон дар замони шуюъи вируси корона боз нигаҳ дошта буданд, ташаккур кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Террористы в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Афғонистон зикр кардааст, ки иқдоми ин кишварҳо боис шуд Афғонистон бо камбуди маводи аввалия дар шароити корона рӯ ба рӯ нашавад, ки ин намуна ҳамкории хуби тиҷоратӣ аст. 

Ашрафи Ғанӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳдидҳо ва хатарҳои пеши рӯи сулҳ дар Афғонистон гуфт, агар гурӯҳи Толибон ба ҷанг идома диҳад, раванди сулҳи Афғонистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

Нишасти машваратии бист кишвари минтақа, ҳамсоя ва созмонҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи кӯмак ба барқарории сулҳ дар Афғонистон ба сурати онлайнӣ асри душанбе дар Кобул баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0