"Ҷазира барои Толибон": ҳамла аз Туркманистон бар Афғонистон буд ё не?

© AP / Mirwais KhanТеррористы в Афганистане. Архивное фото
Террористы в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомот ва неруҳои амниятии Афғонистон хабари ҳамлаи Толибон аз қаламрави Туркманистонро таъйид ё такзиб накарданд. Коршиносон мегӯянд, Туркманистон бар аъмоли Толибон чашмпӯшӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Муҳандис Аҳмад, вулусволи Хумоби вилояти Ҷузҷон, ки дар марз бо Туркманистон ҷойгир аст, ба Sputnik Тоҷикистон ҳамлаи сангини Толибонро таъйид кард, аммо аз ин суол, ки оё ин ҳамла аз қаламрави Туркманистон анҷом шудааст, турфа рафт.

"Ду рӯз ҷангҳои шадид дар вулусволии Хумоб идома дошт. Толибон аз неруҳои давлатӣ ва хезиши мардумӣ шикасти сангин дида, ба ҷониби вулусволии Оқча ақибнишинӣ карданд. Ҳоло дар вулусволии Хумоб, ки бо Туркманистон марзи муштарак дорад, ягон толиб ҳузур надорад", - гуфт Муҳандис Аҳмад.

Қаблан Мавлавӣ Абдулҳай Ҳаёт, раиси Шӯрои вилоятӣ, ҳамзамон волии ҳанӯз таъйиднашудаи Ҷузҷон, ки аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъйин шудааст, ба расонаҳо гуфта буд, ки шаби панҷшанбеи гузашта, 25 июн, толибҳои мусаллаҳ аз тариқи дарёи Ому аз кишвари Туркманистон худашонро ба вилояти Ҷузҷон расонида, бар пойгоҳи Урдуи миллӣ дар соҳаи Чуплитеппаи вулусволии Хумоб ҳамла намуданд.

Боевики движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи Толибон 34 нафар низомиёни давлатиро озод кард

"Бино ба иттилое, ки ба мо расидааст, дар ҷараёни даргириҳо 7 сарбози артиш шаҳид, 10 сарбози дигар, ҳамчунин Ҳайвод-паҳлавон, як фармондеҳи хезишҳои мардумии маҳал захмӣ шудаанд”, - гуфт Абдулҳай Ҳаёт. Дар тафсири ин хабар Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон низ ба Sputnik Тоҷикистон маҳз ин нуктаро, ки Толибон аз Туркманистон ҳамла кардаанд, шарҳ надод.

Вай гуфт, воқеан, дар рустои Чуплитеппаи вулусволии Хумоби вилояти Ҷузҷон миёни нируҳои дифоъӣ – амниятӣ ва ҳаросафганони толиб як бархӯрд ба миён омада, талафоте ҳам ба миён гузошт. “Дар ин даргирӣ 4 толиб кушта ва 3 тан дигар аз аъзои Толибон ҳамроҳ бо таҷҳизот ҷангиашон асири нируҳои амниятӣ амниятӣ гардиданд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Корпуси 209 – и “Шоҳин”, нерӯҳои хос ё коммандои вазорати дифоъи Афғонистон аст, ки бори аслии ҷангҳо бо созмонҳои мамнӯъи Толибон, ДОИШ ва дигар гуруҳҳои террористӣ дар панҷ вилояти Шимоли Афғонистон – Балх, Самангон, Сарипул, Форёб ва Ҷузҷонро ба зимма дорад. Арзиши хабар Дар ҳамин ҳол, худдории мақомот шакку гумонро дар ин бора, ки Толибон аз қаламрави Туркманистон ҳамла кардаанд, меафзояд, зеро ин аввалин мавриди ҳамлаи онҳо аз марзҳои Осиёи Марказӣ ба хоки Афғонистон тайи беш аз 25 соли ҳузури онҳо дар саҳнаи сиёсиву низомии минтақа буда метавонад.

Тайи ин ҳама солҳо ҳукуматҳо ва нерӯҳои зиддитолиб ҳамеша ангушти иттиҳом ба сӯи Покистон, ҳамсояи ҷанубии худ мекарданд, ки Толибонро омода карда, аз марзҳои худ барои анҷоми амалиёт ба Афғонистон мефиристад. Мурод Шарифӣ, коршиносе, ки худ зодаи Ҷузҷон аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аслан Толибон аз ҷазираҳои дарёие ҳамла кардаанд, ки маълум нест ба Афғонистон тааллуқ доранд, ё Туркманистон.

"Ин ҷазираҳо дар пайи тағйири маҷро кардани дарёи Ому ба вуҷуд омадаанд ва маълум аст, ки Туркманистон дар онҳо тасаллут надорад. Ҳамчунин ҷазираҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ вуҷуд доранд. Аммо убур ба онҳо танҳо аз соҳаи таҳти назорати давлати Афғонистон имкон дорад. Ҳоло суол ҳам ин аст, ки онҳо бо 200 – 300 ҷангӣ чӣ тавр худро ба ин ҷазираҳо расондаанд?", - гуфт Мурод Шарифӣ.

Ин коршинос мегӯяд, эҳтимолан мақомоти Афғонистон дар ин мавзӯъ хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, чун дар гузашта борҳо шуда, ки сарбозони ҳукуматӣ дар ҷангҳо аз дасти Толибон ба танг омада, дар марзи Туркманистон паноҳ бурдаанд ва аз сӯи дигар, намехоҳанд як ҷанҷоли байнулмилалиро доман зананд.

Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Қорӣ Баҳриддин: кушта шудани як тоҷик аз "Қитъаи сурх" – и Толибон

Аммо Раззоқи Момун, коршиноси муқими Австралия, мегӯяд, Толибон ва Туркманистон ҳанӯз аз солҳои 90 – ум робитаи танготанг доранд.

"Туркманистон ягона кишвари шимол буд, ки амалан ҳукумати Толибонро пазируфта, бо он, қабл аз ҳама, ба хотири лӯлаи гази ТАПИ (Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳинд) ҳамкорӣ мекард. Аз сӯи дигар, Толибон пас аз имзои созишнома бо Амрико машрӯъият пайдо карданд ва кишварҳои минтақа онҳоро як шарики ояндаи худ арзёбӣ мекунанд. Аз ин хотир, барои наранҷонидани Туркманистон, ки бо ҳукумати Кобул дар заминаи барқу маводи сӯхт ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ дорад, ба ин ҳаводиси хурд чашм мепӯшад. Дар умум, Туркманистон ҳам ҳеҷ гоҳ бо ҳукуматҳои Кобул хусумат надошт ва ин қабил ҳаводис ҳеҷ гоҳ равобити ду кишварро тира намекунанд”, - гуфт Раззоқи Момун.

Расонаҳои расмии Туркманистон то ба ҳол дар мавриди ин воқеа сукут карданд. Онҳо низ иддаоҳои мақомоти маҳаллӣ дар Афғонистонро нодида мегиранд. Ба назар мерасад, ҳама бар инанд, ки салоҳи кор барои ҳама ҳамин аст.

Лентаи хабарҳо
0