Сарбози усто дар хонаи командираш 6 моҳ мошинҳои мардумро таъмир мекардааст

© SputnikСолдаты маршируют, архивное фото
Солдаты маршируют, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи низомии Душанбе аз ҷаримаи командири ротаи таъминоти моддӣ-техникии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, командир Қурбонов Маҳмадраҷаб Маҳмаддовудович аз ҳадди ваколатҳои хизматии худ баромада, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт даст ба содир намудани ҷинояти мансабӣ задааст.

Подстанция. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарбаи барқ

“Қурбонов аз авалҳои моҳи сентябри соли 2019 то 6-уми феврали соли 2020 аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ бараъло баромада мунтазам зертобеаш сарбози қаторӣ Саидов Муҳаммадзариф Убайдуллоевичро ғайриқонунӣ аз иҷрои вазифаҳои хизматиаш озод карда, дар китоби санҷиши ҳозирбошии рота, ҳозир буданашро сохтакорона дарҷ карда, бо корҳои шахсӣ дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар ҷалб мекардааст”, - иттилоъ дод манбаъ.

Додгоҳ афзуд, ки сарбоз дар хонаи командир ба таъмири автомашинаи шаҳрвандон ҷалб карда шудааст.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе  Қурбонов Маҳмадраҷаб Маҳмаддовудовичро бар асоси моддаҳои 391 қисми 1 ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 17400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст. Дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки ҷазо бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0