Ҳалокати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарбаи барқ

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПодстанция. Архивное фото
Подстанция. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров аз расиши қувваи барқ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки субҳи 6 июл як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз зарби барқ ба ҳалокат расидааст.

Пациенту ставят капельницу - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

“Санаи 6-уми июл, тахминан соатҳои 7: 30 дақиқа, Б. А., сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вақти пайваст намудани нерӯи зеристгоҳи барқӣ, аз сабаби расиши қувваи барқ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст”, - иттилоъ дод масъули матбуотии РВКД дар Суғд ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, нафари ба ҳалокат расида ҷавони 31 сола будааст. Ҳодисаи фоҷиабор дар зеристгоҳи барқӣ дар деҳаи Қурғончаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки эҳтимол дар вақти пайваст намудани ноқилҳои барқӣ дар зеристгоҳ техникаи бехатарӣ риоя нагардидааст. Дар бораи шуғли аслии нафари ҳалокшуда маълумот ироа нашудааст, ки оё ӯ барқчӣ аст ва ё як корманди кироя, ки барои насб намудани қувваи барқ ҷалб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0