Истеҳсоли пилла дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

© Sputnik / Всеволод ТарасевичПроверка шелковичных коконов
Проверка шелковичных коконов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 18500 қуттӣ тухми кирмак ворид гардида, ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ тақсим карда шуд

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли пилла коҳиш ёфтааст.

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рушди саноати сабук: танҳо истеҳсоли пилла кам шудааст
Тавре Вазорати саноати кишвар иттилоъ медиҳад, дар шаш моҳи  аввали соли равон дар Тоҷикистон  376,8 тонна пилла истеҳсол гардид.

Аммо, манбаъ меафзояд,  феълан дар хоҷагиҳои кирмакпарвари ҷумҳурӣ  ҷамъоварии  он  идома дорад.

"Соли равон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миқдори 18500 қуттӣ тухми кирмак ворид гардида, ба кирмакпарварони ҷумҳурӣ тақсим карда шуд", - менависад манбаъ.

Дар Тоҷикистон, корхонаҳои коркарди пилла, аз ҷумла ширкати "ВТ-Силк" ва "Дук" фаъолият доранд, ки ресмон ва матои абрешими надофӣ истеҳсол менамоянд. 

Ширкати "Атласи Хуҷанд" ягона корхона дар самти истеҳсоли матои атлас дар ҷумҳурӣ буда, дар он зиёда аз 50 нафар кормандон ба кор ҷалб гардидаанд. Дар корхона истеҳсоли зиёда аз 60 намуд матои атлас ва 30 намуд матои адрас ба роҳ монда шудааст.

Таваҷҷӯҳи соҳибкорони қазоқ ба соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла дар Суғд

Бо мақсади фароҳам овардани замина барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, "Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024" таҳия ва тасдиқ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0