ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Қиммати гази табии моеъ дар Тоҷикистон таи як ҳафтаи гузашта 35 дар сад афзоиш ёфт, гузориш медиҳад "Парс тудэй".
Ба гузориши мандаъ, бархе коршиносон иллати афзоиши қимматро поёни қарантина ва афзоиши тараддуди теъдоди мошинҳо эълом мекунад.
Қиммати гози табии моеъ дар ҷойгоҳҳои сухти Тоҷикистон тайи як ҳафтаи гузашта 35 дар сад афзоиш ёфт.
Дар замони шуюи корона қиммати ҳар литр сухт ҳудуди 2 сомонию 8 дирам ва қиммати ҳар литр гози моеъ низ ҳудуди 3 сомонию 8 дирам расид.
"Вақте ки карантин сар шуд, нархи бензин тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфт (2 сомонию 50 дирам), аммо ҳоло, ки мошинҳои зиёд дар кӯчаҳо мераванд, талабот ба сӯзишворӣ афзоиш ёфтааст" - гуфт коршиноси соҳаи энергетика Дмитрий Газафов.
Паравандаи ҷиноӣ алайҳи Юрий Долгов барои қочоқи гази моеъ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон
У афзуд: Дар ҳоли ҳозир, сухти масрафии бештари васоили нақлия дар Тоҷикистон гази табии моеъ (LNG) ва арзонтар аз бензин аст. Соли гузашта Тоҷикистон 430 ҳазор тонна гази табии моеъ, ҳудуди 180 ҳазор тонна бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тонна дизел ворид кард.
Тоҷикистон сухти мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад