ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон арзиши гази моеъ ба якборагӣ гарон шудаст ва сокинон аз ақимммат шудани он изҳори нигаронӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Бар хабари манбаъ, сокинон бештар аз он дар ҳаросанд, ки бо гарон шудани нархи газ роҳкиро низ аз ҷониби ронандагон боло бурда мешавад.
Сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъро фурӯшандагони нуқтаҳои сӯзишвории минтақаи Бохтар дар омилҳои беруна медонанд. Ба қавли як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Бохтар, онҳо газро аз хориҷа бо нархи гарон харидорӣ мекунанд.
"Мо аз хориҷи кишвар газро бо нархи гарон дастрас мекунем, аз ин лиҳоз наметавонем онро бо нархи арзон ба фурӯш барорем, зеро ин хароҷотро таъмин намекунад", - изҳор намудааст ба "Фараж".
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ омили болоравии ин мушкилро низ аз коркард нашудани конҳои нафтии кишвар медонанд. Ба қавли онҳо, воридоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон танҳо ба 2-3 ширкат рабт дорад, ки онҳо дар нархгузорӣ озоданд.
Баъди 2 таркиши газ дар 1 моҳ: қарори нави Эмомалӣ Раҳмон барои бехатарӣ
Агар ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ дар мамлакат бештар бошанд, бо рақобат пайдо шудан нарх поён хоҳад рафт. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки аз болои нарх бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат кунад.