ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, субҳи рӯзи 4 - июли соли равон навбатдори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ба навбатдори оперативии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиа граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар бораи пайдо шудани як ҷасади шахсияташ номаълум дар Кӯли Ҷавонон хабар додааст.
Навбатдор гуфтааст, ҷасад дар об аст ва танҳо бахше аз танаи вай намоён шудааст.
Ҷасади як ноболиғи дар ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда пас аз се рӯз дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд
Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд ва ҷасадро аз дохили кӯл баровардааст.
Ҳамин тавр, ҷасади пайдошударо ба кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино супоридаанд.
Манбаъ афзуда, ки то кунун дар бораи ҳуввияти ғарқшуда маълумот дар даст нест.