ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтраи матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон теъдоди дардмандони коронавирус дар ин кишвар танҳо шабонарӯзи азир то 285нафар афзудааст.
Ҳамин тариқ шумораи умумии ҳодисаҳои коронавирус дар Ӯзбекистон тақрибан 9708 нафарро ташкил дод.
Ба иттилои манбаъ ҳоло дар ҷумҳурӣ 3220 гирифторони COVID-19 дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.
Манбаъ мегӯяд, ҳодисаҳои нав асосан дар байни шаҳрвандоне, ки дар қарантинӣ ҷойгиранд, ошкор карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар Ӯзбекистон 31 нафар аз коронавирус фавтиданд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ дар Ӯзбекистон 15 март дар зане, ки аз Фаронса ба ватанаш баргашт, расман сабт шуд.