Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мубталошавии рекордӣ ба коронавирус дар Ӯзбекистон: 262 ҳолат дар як рӯз

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВрач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ӯзбекистон дар як шабонарӯзи ахир 262 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардидааст

ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Шабонарӯзи ахир дар Ӯзбекистон шумораи рекордии гирифторшавии шаҳрвандон ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Медицинский работник в госпитале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистону Қирғизистон дар доми COVID-19:  Афзоиши рекордии беморон дар ин кишварҳо

Бар хабари Вазорати тандурустии ин кишвар, бо илова шудани 262 ҳолати ҷадид теъдоди умумии дардмандони COVID -19  ба 7 490 нафар расид.

"То соати 10:00 - и рӯзи 27 - уми июн 262 мавриди ҷадид сабт гардид, ки ин бузургтарин нишондод ба ҳисоб меравад", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Аз март ба сентябр: бозии футболбозони тоҷик бо тими Ӯзбекистон дар Тошканд доир мешавад

Зимнан, аз миёни беш аз 2 ҳазор гирифторони коронавирус дар ин кишвар, 20 мариз дар ҳолати вазнин дар дармонгоҳҳо қарор доранд.

Ҳамзамон пизишкон вазъи саломатии 8 нафар беморро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, шумораи маризони коронавирус аз ҳисоби шаҳрвандоне, ки бо кушода шудани равобити ҳавоӣ ба ватан баргаштанд, афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аз шифо ёфтани 5038 нафар мубталоёни коронавирус хабар медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0