Гурӯҳи Толибон 34 нафар низомиёни давлатиро озод кард

© AP / Raumat GulБоевики движения Талибан
Боевики движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз озодии 34 неруи давлатӣ, ки дар вилояти Бадахшони ин кишвар нигаҳдорӣ мешуданд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Муҳаммадсуҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Доха гуфтааст, ки  Ашхоси озодшуда аз неруҳои полис ва низомиёни идораи Кобул ҳастанд, ки дар зиндонҳои вилояти Бадахшон нигоҳ дошта мешуданд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба хабаргузории ИСНА.

Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Толибон дар Таҳор 8 низомиро куштанд ва 6 нафарро асир гирифтанд

Манбаъ таъкид доштааст, ки ду рӯзи пеш низ гурӯҳи Толибон 20 зиндонии вобаста ба давлати Афғонистонро озод карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи давлати Афғонистон ахиран эълон кард, то кунун афзун бар се ҳазору 800 зиндонии Толибонро озод кардаанд.

Намояндагони давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон чанд давр гуфтугӯ ва музокираро барои озодии зиндониёни ду тараф баргузор кардаанд ва қарор аст панҷ ҳазор зиндонии Толибон дар баробари як ҳазор зиндонии вобаста ба давлат озод шаванд.

Манбаъ зикр кардааст, ки озодии ин зиндониён роҳро барои оғози музокироти сулҳ дар Афғонистон ҳамвор мекунад. 

Лентаи хабарҳо
0