ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Хоҷагии деқонии "Нарзулло" бо ҷараёни парвариши қаламфури булғорӣ шинос шуд, гузориш медиҳад котиботи раисҷумҳур.
"Хоҷагии мазкур аз соли 2008 инҷониб фаъолият дошта, кишоварзон асосан ба парвариш ва нигоҳубини қаламфури булғорӣ машғуланд. Хоҷагӣ дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият дошта, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил тақрибан 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд. Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаламфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонида, ҳамчунин парвариши помидору қаламфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ монданд.
"Таъкид гардид, ки Хоҷагии деҳқонии "Нарзулло" дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаламфури булғорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Ҳосили имсолаи қаламфур хеле зиёд аст, вобаста ба ҳамин кишоварзон нақшаи содирот кардани ин маҳсулотро тарҳрезӣ менамоянд", - менависад котиботи раисҷумҳур.
Мавриди зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расониданд, ки аз ин 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ буда, 2 ҳазору 187 гектари дигарро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳад.
"Имрӯз бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро пандемияи ҷаҳонии вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус, мардуми сайёраро пеш аз ҳама ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст", - таъкид кардааст президент.
Идомаи сафари кории Президент ба Суғд: Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд расид