Супориши Раҳмон ба Ҷамъияти "Суғдиён" барои дӯхтани либоси босифат

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд  зимни ошноӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» ба раҳбарияти ин корхона ҷиҳати таъмин намудани бозори дохилӣ бо пӯшоки босифат дастуру супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд  бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» оншо шудааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, зимни ошноӣ бо раванди истеҳсолот ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки ин корхонаи дӯзандагӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» пурра таҷдиду навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагӣ, рангу бори матоъ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури президент: Ширин Исматуллозода ба ВМКБ сафар кард

Манбаъ мегӯяд, дар корхонаи мазкур бо фароҳам овардани шароити мусоид дар як баст беш аз 200 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоиши ташкилоту муассисаҳо дӯхти либосро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд.

Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур соли 1992 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва ҳудуди он 4,26 гектарро ташкил медиҳад. Бо сабаби вазъияти ногувори солҳои баъдӣ корхона тамоман аз фаъолият бозмонда, аксари кормандони муҳандисию техникии он бекор монданд. Дар ин корхона дар як вақт ҳамагӣ 15 нафар кору фаъолият намуда, инчунин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагияш пурра корношоям гардида буд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, роҳбарияти ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» дар доираи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи дӯзандагии «Суғдиён»-ро ба пуррагӣ барқарор намуда, дӯхти либосҳои гуногунро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монданд.

Манбуъ мегӯяд, дар баробари васлу насби 180 дастгоҳи наву замонавии дӯзандагӣ, инчунин коргоҳҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рагуборкунии ин корхона ба таври муосир сохта шудаанд ва оянда кор дар ин ҷо шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад, ки боз 200 нафари дигар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдиён» бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Русия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Беларус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар оянда маҳсулоти дӯзандагии ин корхонаи калони шаҳри Хуҷанд ба хориҷ содирот карда мешавад.

Айни замон дар корхонаи мазкур дар баробари дӯхти либосҳо барои кӯдакон ва калонсолон, инчунин истеҳсоли ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба таъкиди Президент, дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.

"Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифат, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас додааст", - омадааст дар хабарнома.
Лентаи хабарҳо
0