Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

77,4%: омори гирифториву раҳоиҳои COVID - 19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в Казахстане
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистонро нашр кард

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 238 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 63 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Аз 6 ҳазор гузашт: омори ҷадиди гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 53 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6058 нафар баробар гардид. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат 4690 (77,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 52 нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Лентаи хабарҳо
0