Аз 6 ҳазор гузашт: омори ҷадиди гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в защитных масках на улице Душанбе
Люди в защитных масках на улице Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди гирифторони сабтшудаи COVID-19 дар кишвар имрӯз марзи 6 ҳазор нафарро убур кард

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи мубталоёни сабтшуда то 1 июл ба 6005 нафар расид.

Люди в масках в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хатар аз байн нарафт: суҳбати Рустами Эмомалӣ дар бораи COVID-19

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар мамлакат 4627 нафар ё худ 77%-и гирифторон аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 248 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 59 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, афзуд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0