Раҳмон дар Деваштич беморхонаи табиберо ифтитоҳ кард, ки ваъдаашро иҷро карду фавтид

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие районной больницы №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района
Открытие районной больницы №5 в джамоате Далион Боло Деваштичского района - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, зимни сафараш ба ноҳияи Деваштич, субҳи имрӯз Беморхонаи ноҳиявии № 5 и деҳаи Далёни поёни ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Маврид ба зикр аст, ки Беморхонаи мазкур аз ҷониби сардухтури марҳум Садрӣ Файзиев сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Шодравон Садрӣ Файзиев, ҳанӯз дар соли 2017 дар мулоқот бо соҳибкорон ба Эмомалӣ Раҳмон ваъдаи камназире карда буд.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Садрӣ Файзиев, сардухтуре, ки ваъдааш ба Президентро иҷро карду фавтид

Ӯ гуфт, аз ҳисоби худу фарзандонаш дар зодгоҳаш деҳаи Далёни поён як беморхонаи замонавӣ бо ҳама шароиташ сохта, онро ба ҳисоби давлат мегузорад.

Файзиев бо харҷи ҳудуди 7 милион сомонӣ дар зарфи беш аз як сол ин ваъдааш ба раисиҷумҳурро иҷро кард, аммо мутаасифона умр барояш вафо накард ва рӯзи 29-уми май дар пайи хуруҷи бемории ҳамагири “илтиҳоби шуш” дар бемористони ноҳияи Деваштич аз олам даргузашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, субҳи имрӯз аснои ифтитоҳи ин Бемористон, Президент ба аъзои оилаи соҳибкор Садрӣ Файзиев ва дигар шахсони ватандӯсти деҳот, ки дар бунёди ин Маркази тиббии замонавӣ шароити мусоиди фаъолият ва дастрасии сокинон ба хизматрасонии тиббиро таъмин кардаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, анҷоми чунин эҳсонкориҳоро ба нафъи миллату ҷомеа ва амали ҷавонмардона арзёбӣ намудааст.

Аз майдони парчам то фермаи парандапарварӣ: Раҳмон чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард

Сохтмони Беморхонаи ноҳиявии № 5, соли 2018 оғоз шуда, зарфи беш аз як сол бо талошҳои табиби саховатпеша Садрӣ Файзиев ба анҷом расонида шудааст.

Дар 4 ошёнаи ин Маркази тиббӣ, шӯъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат буда, имкони бо ҷои кор таъмин шудани 60 корманди соҳаи тиб фароҳам оварда шудааст.

Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ аз 54 ҳолати нави сироят аз коронавирус хабар дод - омори нав

Ҳамчунин дар ин Маркази саломатӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва ҳам технологияҳои муосири ташхису табобат муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳуҷраҳои беморхона маҷмӯан дорои 75 кат буда, барои бе мушкилӣ гузаронидани мавсими сармо ҳар яке бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ва хати озоди барқ пайваст карда шудаанд.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шудаст, ки ин муассисаи тандурустии навсохти шодравон Садрӣ Файзиев ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич гузаронида мешавад.

Зимнан ин нахустин Маркази беҳдоштии замонавӣ дар ин ҷамоати ноҳияи Деваштич ба ҳисоб меравад. Минбаъд аҳолии беш аз 26 ҳазор нафараи ҷамоатҳои Далёни поён ва Далёни боло аз хизматрасонии он истифода хоҳанд бурд.

Лентаи хабарҳо
0