ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 54 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 30 июн дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 5954 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 4568 (76,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчунин хабар медиҳад, ки давоми шабонарӯзи охир 256 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 62 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
51 мавриди ҷадид: омори тозаи коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорат таъкид мекунад, ки сокинони кишвар чораҳои беҳдоштро қатъиян риоя кунанд.