Жээнбеков: вазъ дар марз бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар як баромадаш гуфтааст, ки мардуми кишвараш дар ҳалли масоили марзӣ зуд ҳал кардани масъалаҳоро мехоҳанд, аммо яктарафа ҳалли онҳо ғайриимкон аст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар маросими қасамёдкунии узви нави Ҳукумати кишвараш иштирок карда, дар баромадаш дар бораи масоили марзӣ низ гуфтааст.

Переговоры правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по вопросам демаркации границ - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марз: талоши Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳияи мулоқоти намояндагони ҳарду кишвар

Ӯ таъкид кардааст, ки ҳангоми расидан ба маснади раисҷумҳурӣ ба ӯ мушкилиҳои зиёди сиёсати хориҷии кишвараш низ расид. Ба гуфтаи худаш, вай корро дар ин масъала аз барқарор кардани муносибатҳои нек бо кишварҳои ҳамсоя сар кард.

"Дар урфият мегӯянд, ки ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст. Соли аввали президентиамро ба таҳкими муносибат бо ҳамсоягон ва ба даст овардани боварии онҳо сафарбар кардам", - гуфтааст раисҷумҳур.

Вай афзудааст, ки муносибат бо шарикон мустаҳкам шуд,  бо кишварҳои Урупои шарқӣ ва кишварҳои арабӣ ба таҳи нав баромад, аммо баробари ин бо Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаҳои ҳалношуда ҳастанд.

"Вазъ дар марзи давлатӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон то ҳол мушкил мемонад. Ҳарчанд бо кишвари бародарамон Қазоқистон дар як фазои иқтисодӣ ЕАЭС бошем ҳам, то ҳол бархе мушкилиҳо ҳастанд", - гуфтааст президент.

Ӯ таъкид кардааст, ки ин вазъ норизогии мардуми кишварро бештар мекунад ва онҳо мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ин мушкилиро ҳал кунанд. 

Радди тирпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар марз бо Қирғизистон: 11 тир хоби касеро напаронд?

"Ин масъалаҳоро яктарафа, бе иштироки ҳамсоягонамон ҳал кардан ғайриимкон аст. Дар ҳамин ҳол, мо бояд дарк кунем, ки ин вазифа муносибати нозукро мехоҳад", - таъкид кардааст президент.

Дар ҳамин ҳол, вай қайд кардааст, ки ин масъала то ҳол баррасӣ мешавад ва зери назорати шахсии ӯст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0