Баҳси марз: талоши Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳияи мулоқоти намояндагони ҳарду кишвар

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПереговоры правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по вопросам демаркации границ
Переговоры правительственных делегаций Таджикистана и Кыргызстана по вопросам демаркации границ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва Сафири Тоҷикистон масъалаи сарҳад ва мулоқотҳои сатҳи баланд миёни намояндагони ҳарду кишварро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода барои муколама оид ба масъалаҳои сарҳад ба Вазорати корҳои хориҷӣ омадааст, хабар додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.

Рабочий визит В.Путина в Астану для участия в заседании ВЕЭС - Sputnik Тоҷикистон
Талаби 15 соли зиндон ба собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо омодагӣ ба мулоқотҳои намояндагони кишварҳоро дар сатҳи олӣ муҳокима кардаанд.

Гуфта мешавад, тадбирҳои мазкур ба ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои баррасишаванда равона карда мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон изҳор доштааст, ки зимни мулоқот ба омодасозии босифати қисмати ин чорабиниҳо диққати махсус дода шуд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин ҷонибҳо алоҳида инъикоси ҳодисаҳои сарҳадро дар васоити ахбори умуми ҷумҳурҳо баррасӣ намуда, роҳ надодан ба барангехтани адовати қавмиро бо ёрии ин мавзӯъ қайд карданд.

Лентаи хабарҳо
0