Толибон дар Таҳор 8 низомиро куштанд ва 6 нафарро асир гирифтанд

© AFP 2023 / Noorullah ShirzadaЧлены движения "Талибан" (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото
Члены движения Талибан (запрещено в РФ), Афганистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷангиён  ба ду постгоҳи ноҳияи Намаки Об ҳамла карданд. Талибон дар рафти ҳамла ҳамчунин шаш низомиро ба асирӣ гирифтанд, феълан дар куҷо будани онҳо маълум нест

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳашт низомии афғон ҳалок шуданд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости дар истинод ба намояндаи пулиси маҳаллӣ Халилулло Асир хабар медиҳад.

Боевики Талибан в провинции Нангархар на востоке Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Қорӣ Баҳриддин: кушта шудани як тоҷик аз "Қитъаи сурх" – и Толибон

Ҷангиён ба ду постгоҳи низомӣ дар шимолу шарқии Афғонистон Таҳор ҳамла овардаанд. Қайд карда мешавад, даҳ низомӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷангиён ба постгоҳи ноҳияи Намаки Об ҳамла карданд. Толибон ҳамчунин шаш низомиро асир гиританд, ки феълан дар куҷо будани онҳо маълум нест.

Бояд қайд кард, ки  вақтҳои охир байни ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи радикалӣ гуфтушунидҳо идома доранд. Ҷонибҳо кӯшиш доранд дар озод кардани зиндониёни ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расанд.

Пештар мақомоти амниятии Афғонистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳодӣ Ҷамол, сухангӯи корпуси 217 – и "Помир", нерӯҳои вижаи вазорати дифоъи миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нафар шаби 30 сарв (19 май) ҳангоми задухӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ бо Толибон кушта шудааст.

"Дирӯз мо аз Раёсати амнияти Кундуз иттилоъ гирифтем, ки дар байни кушташудагон як тоҷикистонӣ низ ҳаст. Чун пас аз анҷоми амалиёт тамоми ҷасадҳо барои таҳқиқ дар ихтиёри ин Раёсат гузошта шуд, ҳоло маълум карданд, ки кушташудагон киҳоянд. Ин фарде, ки гуфта мешавад, тоҷикистонӣ аст, Қорӣ Баҳриддин ном дошта, маълум нест, ки ин номи аслиаш аст ё ҷаълӣ", - гуфт Ҳодӣ Ҷамол.

Бойцы Талибана в Провинции Нанганхар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Такзиби даргузашти роҳбари Толибон

Қорӣ Баҳриддин ном дар сафи қитъаи хоси Толибон мавсум ба "Қитъаи сурх" меҷангид, ки ба иттилои сухангӯи корпуси 217 – и "Помир", шаби 18 ба 19 май ба пойгоҳи низомии Урдуи миллии Афғонистон, воқеъ дар қарияи Тилавка, дукилометрии шаҳри Кундуз ҳамла оварда буд.Сайид Илёс Ҳошимӣ, омири ҷиноии ҳавзаи сеюми шаҳри Кундуз ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бино ба иттилои оперативӣ, ҷангиёни тоҷикистонӣ умдатан дар вулусволии Имом соҳиби вилояти Кундуз паноҳ, бурда, раҳбари онҳо шахсе ба номи Қорӣ Фурқон аст, ки бо афродаш дар минтақаи Каран қарор дорад ва бино ба бархе маълумотҳо, вулусволи номниҳоди Толибон дар ин вулусволӣ аст.

"Дар сафи Толибон ҷангиёни Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия, Чин, Покистон ва дигар кишварҳо низ меҷанганд, аммо дар бораи талафоти онҳо хабаре надорем. Онҳо он қадар дар Толибон ҳазм шудаанд, ки дигар намешавад онҳоро тафкик кард", - гуфт Сайид Илёс Ҳошимӣ.

Душман дар назди дарвоза: Толибон метавонанд минтақаҳои ҳаммарзашонро ишғол кунанд

Шаби 18 ба 19 майи соли равон Толибон амалиёти густардаеро роҳандозӣ намуда, аз чандин истиқомат болои посгоҳҳои нируҳои дифоъӣ ва амниятии Кундуз ҳамла карданд, аммо бо талафоти беш аз 100 куштаву захмӣ ақиб нишастанд.

Лентаи хабарҳо
0