ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кумаки моддӣ расонид. Кумак асосан аз маҷмӯи рахти хоб иборат буд, хабар дод "Ховар".
"Имрӯз ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара 100 кати тиббии хоб, 100 курпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмуъ 100 рахти хоб, супорида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, Раҳмон Озода Эмомалӣ ба нақша гирифтааст, ки ҳафтаи оянда беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мамлакатро, ки ба доруворӣ ниёз доранд, ба маблағи умумии 115 ҳазор сомонӣ бо маводи зарурии доруворӣ таъмин намояд.
Кормандони беморхонаи Данғара барои кумакҳо изҳори сипос карда, иброз доштаанд, ки бо тамоми масъулият хизмати мардумро ба ҷо меоранд.
Маъракаи кумак барои мубориза бо коронавирус феълан дар тамоми навоҳии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон, соҳибкорон ва корхонаҳои алоҳида идома дорад.