ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Бархӯрди автомашинаи тамғаи "Муссо" бо мотороллери "Скутер" дар роҳи мошингарди "Ашт - Хуҷанд" рух додааст, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, санаи 26 - уми июн, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Муссо", Кучбоев Қурбоналӣ Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1970, сокини ҷамоати деҳоти Ошоба ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгардӣ "Ашт-Хуҷанд", дар ҳудуди деҳаи Хӯҷамбердиев ба мотороллери тамғаи "Скутер", таҳти идораи, Турғунбоев Аскари 26 - сола, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Ронандаи 19 сола ба девори оғилхонаи ҳамсоя бархӯрд ва ҳалок шуд
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки дар натиҷаи бархӯрд ронандаи "Скутер", Турғунбоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.