ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Кормандони милитсия сокини 39 - солаи ноҳияи Б. Ғафуровро дастгир намуданд, ки дар содир намудани кирдори қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда моҳи декабри соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49 - солаи сокини шаҳри Душанбе, даромада аз ӯ 1 - адад автомашинаи тамғаи "Инфинити"-ро бидуни пардохт намудани маблағ гирифтааст.
Ҳоли Иноятзода, раиси барканоршудаи Кӯлоб ва афзоиши дубораи беморон дар шаҳр
Гуфта мешавад, соҳиби ин мошин худравашро 9 400 доллари амрикои нархгузори карда ба сокини ноҳияи Б. Ғафуров фурӯхт.
Аммо ба изҳори соҳиби худрав ӯ то ҳол маблағи мошини фурӯхтаашро нагирифтааст.
Зимнан, пас аз дастгир шудани сокини 39 - сола, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.